Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 18 апрели соли 2026, соати 07:54 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза дар масофаи 269 км ҷанубу шарқӣ аз шаҳри Душанбе ва 268 км ҷанубу шарқӣ аз ноҳияи Тоҷикобод, дар ҳудуди Ҷумҳурии Афғонистон ҷойгир буда, қувваи он дар марказ 5 баллро ташкил дод.
Қувваи ларзиш дар:
— ш. Душанбе — 2-3 балл
— н. Тоҷикобод — 2 балл
Хушбахтона, дар натиҷаи ин ҳодиса хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Кумита вазъиятро таҳти назорати доимӣ қарор дода, аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки оромиро нигоҳ дошта, танҳо ба маълумоти расмӣ такя намоянд.