Бо мақсади иҷрои талаботи банди 7-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозӣ дар соли 2026 чораҳои саривақтӣ андешида шуда, санаи 17 апрели соли ҷорӣ аз тарафи гурӯҳи кории Раёсати Кумита дар ВМКБ дар ҳайати подполковник Шоисмат Ш.- сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, подполковник Хусравова Ш. – сардори Маркази таълимӣ-методӣ, Худоназарова М. – сармутахассис – муаллимаи калони Маркази таълимӣ-методӣ, Мамадов М. – сармутахассис-муаллими Маркази таълимӣ-методӣ бо хонандагони Муассисаи давлатии Литсей барои хонандагони болаёқат ва Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ сӯҳбату вохӯриҳо ва машғулиятҳои омӯзишӣ доир карда шуданд.
Дар вохӯрӣ аз тарафи гурӯҳи корӣ мавзӯъҳои алоҳида оид ба талаботҳо ва қоидаҳои бехатарӣ дар вақти оббозӣ ба хонандагон фаҳмонда дода шуд.
Рафти машғулиятҳо ба тариқи саволу ҷавоб, презинтатсияҳо ва машғулиятҳои амалӣ гузаронида шуда, гурӯҳи корӣ ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Машғулиятҳои омӯзишӣ дар як сатҳи баланд гузаронида шуд.