Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумита, ҳайати шахсӣ ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳо иштирок намуда, ҷашни аҷдодиро дар фазои идона, ҳамдилӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ таҷлил карданд.
Ба ин муносибат, дар саҳни Кумита ва гӯшаҳои алоҳида дастархонҳои идонаи наврӯзӣ бо риояи суннатҳои миллӣ ороста шуданд. Дар онҳо таомҳои гуногуни миллӣ, аз ҷумла суманак, нону маҳсулоти нонӣ, шириниҳо, ҳафтсину ҳафтшин, инчунин намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки бозгӯйи фарҳанги ғании халқи тоҷик маҳсуб меёбанд.
Роҳбарияти Кумита аз гӯшаҳои идона дидан намуда, ба заҳмати кормандон ва маҳорати кадбонувон баҳои баланд доданд ва саҳми онҳоро дар ҳифзу эҳёи анъанаҳои миллӣ назаррас арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ миёни ҳайати шахсӣ мусобиқаҳои варзишӣ ва бозиҳои миллӣ, аз қабили гӯштини миллӣ, бандкашӣ ва дигар намудҳои шавқовар баргузор гардиданд, ки ба чорабинӣ ҳусни хоса зам намуда, рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва рақобати солимро таҳким бахшиданд.
Зимни суханронӣ роҳбарияти Кумита таъкид намуданд, ки ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз ҳамчун рамзи сулҳу дӯстӣ, ваҳдат ва эҳёи табиат дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон баргузор гардида, бо пешниҳоди суруду оҳангҳои ватандӯстона, баҳорӣ ва миллӣ ба иштирокчиён рӯҳияи идона ва ҳисси ифтихори миллиро тақвият бахшид.
Дар маҷмӯъ, таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Кумита дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, хизматчиён ва кормандон бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои аҷдодӣ ин иди хуҷастапайро бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол намуданд.