Loading…
Соҳибистиқлол гардидани мамлакат омили асосии рушду пешрафти кишвар ба ҳисоб меравад. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла дар самти роҳсозӣ, рӯз ба рӯз вусъат меёбанд. Ба муносибати ҷашни таърихии миллат — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ корҳои мумфаршкунии роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ ба масофаи як километр оғоз гардид. Дар раванди корҳои роҳсозӣ техникаҳои махсус, аз ҷумла техникаҳои боркаш, ғалтакҳои роҳсозӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ истифода гардида, корҳо бо суръати баланд идома доранд. Ҳамзамон, сокинони маҳаллӣ низ дар корҳои ободонӣ фаъолона саҳм гузошта, бо қувваи дастӣ дар омодасозии роҳ, тоза намудани канораҳои он, ҳамворкунӣ ва дигар корҳои ёрирасон иштирок менамоянд. Ин иқдоми созандагӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди рафтуомад барои сокинони деҳаҳои дурдасти шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ гардида, барои беҳтар гардидани инфрасохтори роҳу нақлиёт ва сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар рафти корҳои мумфаршкунӣ масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони масъул иштирок намуда, аз ҷараёни корҳои роҳсозӣ боздид карданд. Иштироки фаъолонаи соҳибкорони ватанӣ, истифодаи техникаҳои зарурӣ ва саҳми бевоситаи сокинони маҳаллӣ аз ҳамбастагии мардум дар корҳои созандагиву ободонӣ дарак медиҳад. Ин иқдомҳо дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.