Loading…
КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИРАКИИ ШАҲРИ КӮЛОБ Дар маҳаллаи Ҳакимободи Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо иштироки фаъолонаи сокинони маҳалла корҳои ободониву созандагӣ вусъат гирифта истодаанд.Ин тадбирҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» амалӣ карда мешаванд.Сокинони маҳалла бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда, барои беҳтар намудани муҳити зист, ободии маҳалла ва боз ҳам зебову назаррабо гардидани маҳалли зисти худ саҳми арзанда мегузоранд.