МАРОСИМИ ИСТИҚБОЛИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Боиси ифтихор ва сарфарозии кулли сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб аст, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 4-нафар сокинони шаҳр сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Субҳи имрӯз ғолибонро дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб узви…
Боиси ифтихор ва сарфарозии кулли сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб аст, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 4-нафар сокинони шаҳр сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Субҳи имрӯз ғолибонро дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, собиқадорон, фаъолон, намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр, омӯзгорону хонандагон, донишҷуёну ҷавонон ва дигар фаъолон ғолибонро бо тантана истиқбол намуданд.
“Имрӯз шаҳри бостонии Кӯлоб, маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Шумо ид дорад, шумо тавонистед, ки ифтихори ин шаҳри кӯҳанбунёд гардед. Маҳз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, вазири нақлиёти мамлакат Азим Иброҳим аст, ки имрӯзҳо чунин имкониятҳо барои Шумо фароҳам оварда шудааст. Имсол соли 7-ум аст, ки озмуни мазкур дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад ва ғолибон бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Шумо ки ғолибиятро ба даст овардед, ҳамчу намуна миёни ҳамсолони худ китобу китобхониро ташвиқу тарғиб намоед ва боз дар озмунҳои дигар низ иштирок намоед. Ба Шумо барору муваффақият таманно менамоям”-иброз доштанд зимни суханронӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб