ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб 10-ноябри соли равон бахшида ба рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ-фарҳангӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри…
Дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб 10-ноябри соли равон бахшида ба рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ-фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб Ҳайдарзода Шералӣ, кормандону ҳайати шахсии шуъбаи ВКД дар шаҳри Кӯлоб, роҳбарону кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон, омӯзгорону курсантони коллеҷи милитсияи шаҳри Кӯлоб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.
Пеш аз оғози чорабинӣ ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳои курсантони коллеҷи миллитсияи шаҳри Кӯлоб дидан намуданд.
Чорабинии тантанавӣ ба муносибати рӯзи милитсияи тоҷик бо ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Сипас узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба сухан баромада, иброз доштанд, ки ҳамасола 10-уми ноябр дар саросари кишвар Рӯзи кормандони милитсия таҷлил мегардад. Бо истифода аз фурсати муносиб аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, родмардони ватан, ки дар роҳи нигаҳдории сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ саҳми арзишманд доранд иди касбияшонро табрику таҳният мегӯям.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар раддабандии кишварҳои амнтарини ҷаҳон ва сатҳи боварии мардум ба мақомоти милитсия Тоҷикистон дар зинаҳои аввал қарор дорад. Милитсия яке аз сохторҳои муҳимми давлат аст, ки бо меҳнати шабонарӯзии худ оромиву суботро дар ҷомеа нигоҳ медорад. Бо шарофати заҳмати поквиҷдонаи кормандони милитсия, имрӯз шаҳрвандони мамлакат бо итминон зиндагӣ ва фаъолият мекунанд.
Баъд аз суханронии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба якқатор фаъолон, собиқадорон ва кормандони шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр ва минтақаи Кӯлоб, кормандони хадамоти “Муҳофиза”, устодону кормандони коллеҷи милитсияи шаҳри Кӯлоб ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.
Сипас барномаи рангини фарҳангӣ, саршор аз сурудҳои Ватандӯстона, бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ва шуъбаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб