БАРГУЗОРИИ МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Хизмат ба ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони бо нангу номус буда, зимни расидан ба синни даъватӣ уҳдадор аст, ки барои ҳимояи марзу буми ватани азизамон камари хидмат бубандад. 6 ноябр дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри…
Хизмат ба ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони бо нангу номус буда, зимни расидан ба синни даъватӣ уҳдадор аст, ки барои ҳимояи марзу буми ватани азизамон камари хидмат бубандад.
6 ноябр дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, наваскарон ва падару модарони онҳо иштирок намуданд.
Дар маросими савгандёдкунӣ ҷавононе, ки дар даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд ва дар қисмҳои низомию сарҳадӣ дар шаҳри Кӯлоб хизматро оғоз намудаанд, иштирок карда, ваъда доданд, ки барои ҳифзи марзу бум, пойдории сулҳу субот саҳм мегузоранд ва ба халқу Ватан садоқатмандона хизмат менамоянд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас наваскарон дар назди ҳозирин бо тантана Савганди садоқат ёд намуданд.
Сипас узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, наваскарон ва падару модарони онҳоро ба ин санаи фаромӯшнашаванда табрику муборакбодӣ намуданд.
Дар идома қайд намуданд, ки дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Тибқи ҳамин муқаррароти Конститутсия Шумо афсарону сарбозони азиз, бо сари баланду садоқатмандона хизмати ҳарбӣ намуда истодаед. Баъди адои хизмат барои Шумо сарбозон боз ҳам тибқи муқаррароти ҳамин Конститутсия ҷиҳати муайян намудани роҳу равиши зиндагии ояндаи худ имкониятҳои ниҳоят фаррох дар пешанд. Дар ҳамин роҳ ба ҳамаатон бурдбориву муваффақиятҳои беназир орзумандам.
Инчунин сарбозон ва падару модарон миннатдории худро баён намуда, иброз доштанд, ки имрӯз барои мо ва фарзандонамон рӯзи хотирмону фаромӯшнашаванда боқӣ хоҳад монд, зеро фарзандони мо ҳамчун посдори обу хоки ин сарзамин ба Ватан-Модар содиқона хизмат мекунанд.
Ҳамин тавр, ҷамъомади тантанавии қабули Савганди ҳарбӣ бо гузашти низомии ҳайати шахсӣ ба поён расид.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб