Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр рӯзи қабули шаҳрвандон доир гардид.
Дар рӯзи қабул ҳамчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва масъулони бахшҳои мақомоти маҳаллӣ иштирок доштанд. Дар қабули навбатии шаҳрвандон раиси шаҳри Кӯлоб арзу шикояти сокинони ҷамоатҳои деҳотро шунида, ҷиҳати ҳаллу фасли масоили рӯзмараи шаҳрвандон ба масъулони соҳаҳои марбута супоришҳои мушаххас дод.
Мавриди зикр аст, ки сокинони шаҳри Кӯлоб шанбеи ҳар ҳафта барои ҳаллу фасли масоили гуногун ба раиси шаҳр муроҷиат менамоянд. Тибқи таҳлилҳо аксарияти муроҷиаткунандагонро нафарони ниёзманд ба қитъаҳои ҳавлигӣ, эҳтиёҷмандони кӯмакҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳад.
Ин навбат дар қабули шаҳрвандон модари сарбозони ихтиёрӣ Холиқова Давлатбӣ ки ду писараш Ҳасан ва Ҳусейнро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намуданд барои ба таъхир гузоштани қарзи бонкиашон муроҷиат намуданд.
Ба хотири тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва сафарбар намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи қарзи бонкии модари азиз аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб пурра пардохт карда мешавад. Дар ин баробар ба модари сарбозони ихтиёрӣ кӯмаки яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд.
Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ба Холиқова Давлатбӣ барои тарбияи хуби фарзандон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки дар оянда низ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дастгирӣ карда мешаванд.
Ҳамчунин, иддае аз сокинон ба хотири дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ бартараф намудани мушкили норасоии об, саҳмгузорӣ дар ободонию бунёдкории кӯчаву маҳҳалаҳои зисти хеш муроҷиат намуда, хоҳони дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ мебошанд.