Боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 10-уми октябр дар кишварамон “Рӯзи фалак” бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат имрӯз, 9 октябр, дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, адибон, собиқадорону фаъолон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагону донишҷӯён барномаи фарҳангии ҳунармандони ансамбли “Фалак”-и назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ дар саҳни Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакандӯзӣ, тоқидӯзӣ, гулдӯзӣ, сабадбофӣ, асбобҳои мусиқии миллӣ ва намоиши китобҳо оид ба фарҳанги фалаксароӣ баргузор шуд. Ин намоиш таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ҷалб намуд.
Дар маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Фалак муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода суханронӣ намуда, табрикоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба самъи ҳозирин расонид. Иброз гардид, ки таҷлили бошукӯҳи Рӯзи фалак ва ворид шудани номинатсияи Фалак ба Мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО аз ҷумлаи иқдомҳои фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, далели арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавию фарҳангӣ, эҳёи беҳтарин суннатҳои санъати миллӣ, ки аз ниёгон ба мо мерос мондааст, маънидод мегардад. Фалак жанри озод буда, дар вилояти Хатлон ҳамеша дар такомул ва таҳаввули инкишоф аст.
Мусиқии Фалак, ки реша дар фарҳанги кӯҳистони тоҷикон дорад, беш аз 12 сабку навъ дорад: фалаки даштӣ, равона, роғӣ, паррон, қаландарӣ, сафарӣ, ғарибӣ, бепарвофалак, мотамӣ, муноҷот, оҳ ва мадҳия.
Имрӯз ансамбли «Фалак»-и назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ҷиҳати эҳё, ҳифз ва тарғиби ин мероси волои маънавӣ саҳми босазо дорад.
Ҳамзамон аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ансамбли “Фалак”-и назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб якчанд асбоби мусиқӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор ҳунармандон барои хизматҳои назаррас, ноил гардидан ба дастовардҳои пурсамари меҳнатӣ, саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи фарҳанг Сипоснома тақдим карда шуд.
Қисмати дуюми барнома бо консерти тантанавии ансамбли “Фалак” ва ҳунарнамоии сарояндагони маъруф сурат гирифт. Навоҳои ҷовидонаи фалакӣ, ки ҳамзамон андеша ва эҳсоси миллиро таҷассум мекарданд, фазои идонаро шукӯҳу маънои хоса бахшиданд.