Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” дар шаҳри Кӯлоб бо аъзоёни ситод ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба роҳбарӣ гирифта, ҷиҳати иҷрои саривақтии нақша бояд тамоми қувваю нерӯи худро равона намоем. Дар замири ҷавонон тарбия намудани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд, махсусан хизматчиёни давлатӣ ба шумор меравад. яке аз рукнҳои муҳимтарини давлату давлатдорӣ ва сипари боэътмоди ҳар кишвари соҳибистиқлол Қувваҳои Мусаллаҳи он маҳсуб меёбад. Ин аст, ки Қувваҳои мусаллаҳ ба як сутуни муқтадири ҳимояи марзу бум ва тамомияти арзии кишвар табдил ёфтаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки Ватанро меомӯзанд. Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем”.
Дар охир аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар рафти ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби бештари ҷавонони ихтиёрӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ба масъулин дастуру супориш ва тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб