Тавре ҳамагон шоҳид ҳастем дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром рафта истодааст, ки шаҳри бостонии Кӯлобам аз ин дар канор нест.
Бо дастгириҳои бевоситаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳнамоиҳои намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Азим Иброҳим ва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб соҳибкорони ватандӯст ва мардони бонангу ори диёр бо мумфарш гардонидани роҳҳо, сохтани иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ ҳиссаи арзишманди худро дар ободу зебо гардонидани як гӯшаи Тоҷикистони азиз шаҳри бостонии Кӯлоб гузошта истодаанд.
Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Азим Иброҳим, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Шарифҷон, муовини раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр терминали мусофирбарии “Гулбоғ” мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Терминали мусофирбарии “Гулбоғ” дар деҳаи Гулбоғи ҷамоати дҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб қарор дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он зиёда аз 15-нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Дар дохили терминал толори интизорӣ, толори модару кӯдак, ошхона мавҷудаст, ки ба хотири таъмини шароити хуб ба мусофирон ва меҳмонон бунёд карда шудааст. Минбаъд нақлиётҳое, ки аз самти ноҳияҳои Муъминободу Ховалинг, ҷамоатҳои Даҳанаву Зиракӣ ба самти шаҳри Кӯлоб меоянд, ҳамзамон нақлиётҳои ҷамъиятие, ки дар дохили шаҳр фаъолият менамоянд метавонанд ба таври васеъ аз терминали мазкур истифода намоянд.