Мо бо майлу иродаи халқамон ва эътимод ба ояндаи неки кишварамон тамоми кӯшишу имкониятҳои худро, дар навбати аввал, ба ҳалли мушкилоти ниҳоят сангини ҳаёти давлат ва ҷомеа сафарбар намуда, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлатро ҳифз кардем.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб 34-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Дар чорабинии закргардида намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти мамлакат Азим Иброҳим, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Шарифҷон Саид ва Ҳақназарзода Фирӯз Ғойиб, муовини раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолону собиқадорон, занону ҷавонон ва сокинони шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҳунариву меҳнатии ҷамоатҳои шаҳру деҳот, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб дидан намуда, ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд.
Қисмати тантанавии чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.
Нахуст узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати ин санаи барои миллати мо муҳиму сарнавиштсоз табрику муборакбод намуданд.
Дар идома, иброз доштанд, ки барои мо сокинони шаҳри Кӯлоб, ки ҷузви ҷудонопазири халқи хушбахту босаодат ва шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастем, мояи ифтихору сарбаландист, ки бо шарофати сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9-уми сентябрро ҳамчун солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмиву якдилӣ ва Ваҳдати миллӣ истиқбол мегирем. Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушдро ба вуҷуд оварда, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу мамлакат ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Мардуми баору нанги шаҳри Кӯлоб, якҷо бо дигар фарзандони озодихоҳи кишвар, ки дар марҳилаҳои душвортарин барои ҳимояи арзишҳо ва мустаҳкам гардидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ фидокориву азхудгузариҳо нишон додаанд, имрӯзҳо бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ба корҳои созандагӣ рӯ овардаанд.
Сипас, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати кишвар дар шаҳри Кӯлоб Азим Иброҳим ба сухан баромаданд. Дар суханронии хеш дарҷ намуданд, ки дар масири таърихи баширият Истиқлоли давлатӣ яке аз арзишҳои муҳимми умумибашарӣ ба ҳисоб меравад. Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ барои тоҷикон маънои эҳёи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва ифтихори давлатдориро дорад. Зеро Истиқлоли давлатӣ дар замоне насиби мардуми тоҷик гардид, ки дар он солҳо ҷанги шаҳрвандӣ доман паҳн намуда, мардум сарсону саргардон паноҳгоҳ меҷӯстанд. Бахти мардуми тоҷик хандид, ки дар он даврони мудҳиш ҷавонмарди майдони сиёсат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки миллатро аз парокандагӣ раҳонад. Аз ин рӯ, корнамоиҳои бемислу монанди Пешвои миллат ба ҳайси роҳбари сулҳхоҳ, давлатсозу давлатдор ва ваҳдатофару истиқлолхоҳ дар сарнавишти Истиқлоли давлатӣ мавқеи калидӣ дорад.
Муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон табрикоти раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саидро ба сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб зимни суханронии худ расониданд. Ҳамзамон дарҷ намуданд, ки Истиқлолият дар таърихи ҳар як миллат ҳамчун олитарин дастоварди сиёсӣ ва иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад.