Дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 1 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рӯзи дониш дар фазои идона ва таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинони раиси шаҳр, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳайати профессорон, устодону донишҷӯёни курси аввал иштирок намуданд.
Дар оғоз меҳмонон ва иштирокдорони ҳамоиш аз гӯшаҳои навтаъсисдодаи раёсати донишгоҳ, ки ба ифтихори 80-солагии донишгоҳ омода шудаанд, боздид ба амал оварданд. Ҳамзамон, аз намоиши дастовардҳои илмӣ ва эҷодии устодону донишҷӯён, ки дар даромадгоҳи бинои асосӣ ташкил гардида буд, дидан намуданд.
Нахуст Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ба сухан баромада, ҳозиринро ба муносибати рӯзи Дониш, дарси сулҳ табрику муборак бод намуданд.
Аз ҷумла иброз доштанд, ки таҷлили рӯзи дониш рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба дониш ва хираду маърифат мебошад. Доштани донишу хирад, ақлу заковат мояи ифтихори ҳар як инсон аст. Бузургони мо, ки бо осори оламшумули худ дунёро тасхир кардаанд, зарур донистанд талқин намоянд, ки ҳар як инсон бояд ба илму дониш рӯ орад.
Барои он ки Шумо оромона таҳсилу касбомӯзӣ кунед давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳои заруриро фароҳам овардаанд. Дар хотир доред, ки инсони соҳибилму соҳибҳунар ҳеҷ гоҳ хор намешавад ва дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон намемонад. Балки киштии худро дар дарёи пуртуғёни ҳаёт устуворона ба пеш меронаду қуллаҳои баланди муродро фатҳ мекунад.
Сипас ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан баромад намуда, донишҷӯёни навро бо оғози соли нави таҳсил табрик гуфт ва ба онҳо дар роҳи омӯзишу худшиносӣ муваффақият орзу кард. Ӯ таъкид намуд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар партави сиёсати илмпарваронаи Пешвои миллат масъулияти бузурги тарбия ва рушду камоли насли ҷавонро бар дӯш дорад ва аз донишҷӯён тақозо менамояд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулият таҳсил намоянд.
Ҳамчунин донишҷӯи курси аввали факултети химия ва биология - Ҷабборзода Ҷасур, бо сухани табрикотӣ баромад намуда, аз номи донишҷӯёни нав ба роҳбарияти олии кишвар барои муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму таҳсил изҳори сипосу миннатдорӣ баён дошт. Ӯ таъкид кард, ки донишҷӯёни соли аввал аз ин имкониятҳо самаранок истифода бурда, тамоми нерӯ ва кӯшишро барои дарёфти донишҳои муосир ва рушди шахсият равона хоҳанд сохт.
Дар интиҳои чорабинӣ ба як гурӯҳ донишҷӯёни курси аввал шаҳодатнома ва дафтарчаҳои имтиҳонӣ супорида шуд. Таъкид гардид, ки омӯхтани илм муқаддастарин вазифа ва меҳвари асосии такмили шахсият ва рушди ҷомеа мебошад.