Устодон ва толибилмони азиз!
Рӯзи донишро ба ҳамаи Шумо аз самими қалб муборакбод гуфта, бароятон фатҳи қуллаҳи баланди илму дониш ва муваффақиятҳои рӯзафзунро таманно дорам. Орзуманди онам, ки соли нави таҳсили 2025-2026 барои ҳар якатон аз ҳар ҷиҳат бобарор шавад. Имрӯз боз аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки чун солҳои пешин Шумо таҳсилро ба дарси сулҳ оғоз мекунед.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми кишвар, ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст”.
Чаро таҳсил бо Дарси сулҳ оғоз мегардад? Зеро насли наврас ва ҷавонони имрӯзаи ин кишвари соҳибистиқлолу соҳибихтиёр бояд донанд, сулҳ неъмати бебаҳо ҳаст ва хусусан барои сокинони Тоҷикистон арзиши бениҳоят бузург дорад. Чуноне Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, “Наврасону ҷавонони мо бояд донанд, ки 150 ҳазор ҳалокшудагон, 55 ҳазор кӯдакони ятиммонда, қариб якуним миллион гурезаҳои иҷборӣ, садҳо ҳазор манзили истиқоматӣ, мактабҳо ва дигар иншооти иҷтимои сухтаву харобгардида, тарки ватан кардани садҳо ҳазор мутахассисон, олимону донишмандон, аз ҷумла омӯзгорони ботаҷриба натиҷаҳои харобиовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мебошанд. Инчунин садҳо миллиард сомонӣ ҳисороти моддӣ ва даҳшатноктар аз ҳама, зарбаи ҷонкоҳи маънавӣ ба руҳу равони мамлакат зарари ҷанги таҳмилии шаҳрвандист, ки аз ноогоҳии сиёсии мардум ва суйистифода аз зиёдаравӣ дар дину эътиқод ба сари давлат ҷавони тоҷикон омада буд”.
Шумо бояд ин сабақи талхи гузаштаи миллатро омӯзед ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлат саҳми арзандаву сазовори худро гузоред. Ба такрори он ҳодисаҳои хунин дигар ҳаргиз роҳ надиҳед. Аз ин сабаб соли нави таҳсил бо дарси сулҳ оғоз меёбад.
Таҷлил рӯзи дониш рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба дониш ва хираду маърифат мебошад. Доштани донишу хирад, ақлу заковат мояи ифтихори ҳар як инсон аст. Бузургони мо, ки бо осори оламшумули худ дунёро тасхир кардаанд, зарур донистанд талқин намоянд, ки ҳар як инсон бояд ба илму дониш рӯ орад. Аз ҷумла устоди шоирони ҷаҳон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудааст:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.Бинобар ин бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳама толибилмон муроҷиат ва хоҳиш менамоям, ки аз ҳар як дақиқа самаранок истифода намуда, хонед, соҳибкасбу соҳибҳунар шавед, то дар оянда ворису такягоҳи ҳақиқии ин давлату миллат бошед. Барои он ки Шумо оромона таҳсилу касбомӯзӣ кунед давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳои заруриро фароҳам овардаанд. Дар хотир доред, ки инсони соҳибилму соҳибҳунар ҳеҷ гоҳ хор намешавад ва дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон намемонад. Балки киштии худро дар дарёи пуртуғёни ҳаёт устуворона ба пеш меронаду қуллаҳои баланди муродро фатҳ мекунад. Бадриддин Ҳилолӣ аз таҷрибаи рӯзгор ба ҳамагон тавсия додааст:Илмат ба амал чу ёр гардад,Қадри ту яке ҳазор гардадБори дигар ҳама устодону толибилмонро дар ин рӯзи фараҳу шодӣ шодбош гуфта, таманно мекунам, ки соли нави таҳсил ва рӯзи дониш мубораку фархунда бод.