«Мо сиёсати таҷдиди дӯстӣ ва ҳамкории устувор бо тамоми кишварҳои ҷаҳонро — дар доираи сиёсати “Дарҳои кушода” — идома медиҳем. Ин амал мувофиқи манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои анъанавии мост ва барои таъмини сулҳ ва рушди устувори минтақавӣ мусоидат менамояд.»
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии худро дар асоси адолатнокӣ, баробарӣ ва эътимоди байниҳамдигарӣ ба роҳ монда аст. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки асоси онро сиёсати дарҳои кушода ташкил менамояд, дар ташаккули муносибатҳои сиёсиву тиҷорӣ ва маданӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Санаи 21 августи соли ҷорӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо ҳайати гурӯҳи кории Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар, ки таҳти роҳбарии ёвари директори котиботи вазири маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар оид ба идоракунии лоиҳа Ҳариб Муҳаммад ал - Ҷобирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба шаҳри бостонии Кӯлоб ташриф оварданд.
Ба ҳайати мазкур директорони департаментҳои Маркази хизматрасонии таълимӣ, эквивалентии шаҳодатномаҳои академӣ ва Маркази омӯзиш ва рушд, инчунин сардори шуъбаи назорат ва пайгирии Раёсати марказҳои хизматрасонии таълимӣ шомил мебошанд.
Ҳайати меҳмононро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, фаъолону собиқадорон ва ҷавонон бо усули тоҷикона бо нону намак дар даромадгоҳи шаҳр пешвоз гирифтанд. Сипас ҳамчун рамзи эҳтиром ба модар дар назди Муҷассамаи дуои модар аз ҷониби меҳмонон ва роҳбарияти шаҳр маросими гулгузорӣ анҷом ёфт.
Сипас ҳайати меҳмонон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон Оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд.
Ҷиҳати баррасии мавзӯи бунёди марказҳои омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои шаҳрвандон дар шаҳри Кӯлоб дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва ҳайати гурӯҳи кории Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар, таҳти роҳбарии ёвари директори котиботи вазири маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар оид ба идоракунии лоиҳа Ҳариб Муҳаммад ал - Ҷобирӣ баргузор гардид.