Тартибдиҳандаи китоб Б.Эшонқулов гуфтааст, ки ин маълумотнома дар асоси ҳуҷҷатҳои расмие омода шудааст, ки аз кумитаҳои иҷроияи Шуроҳои маҳаллӣ пешниҳод кардаанд ва ҳамчунин аз санадҳои қонунгузории Призидиуми Совети Оли РСС Тоҷикистон оид ба масъалаҳои тақсимоти маъмурӣ – ҳудудӣ, инчунин руйхати маҳалҳои аҳолонишини РСС Тоҷикистон, ки бо Укази Президиуми Совети Оли РСС Тоҷикистон аз 31 марти соли 1977 тасдиқ карда шудааст, истифода шуда, маълумотҳои доир ба тақсимоти маъмурӣ – ҳудудии ҷумҳуриро то 1 январ соли 1978 дарбар мегирад.
Дар маълумотнома вақти ташкил кардани вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо ва посёлкаҳои типи шаҳрӣ, ҳайати маъмурӣ – ҳудудии вилояту ноҳияҳо ва андозаи масоҳати онҳо, шумораи аҳолии вилоятҳо ва маркази вилоятҳо, масофа аз маркази вилоятҳо ва ноҳияву шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ то шаҳри Душанбе, аз маркази навоҳӣ ва шаҳрҳои тобеи вилоятӣ то маркази вилоятҳо аз қишлоқҳо ва посёлкаҳо то маркази маъмурии Шуроҳои посёлкавӣ ва аз онҷо то маркази ноҳияҳо, аз шаҳрҳо ва посёлкаҳои типи шаҳрӣ то стансияи наздиктарини роҳи оҳан нишон дода шудааст.
Ин китоб барои ҷуғрофидонҳо, таърихшиносон ва ҳамаи онҳое, ки ба гузаштаи кишвар таваҷҷуҳ доранд, дастури хубест.
Китоб соли 1978, дар нашриёти “Ирфон” ба теъдоди панҷ ҳазор нусха чоп шудааст.
Нусхае аз китоб дар шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ мавҷуд аст ва хоҳишмандон метавонанд аз он истифода кунанд.