Дарси ватандорӣ аз зиндагии абармардони миллат бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, роҳбарият ва кормандони Кумита, инчунин…
Дарси ватандорӣ аз зиндагии абармардони миллат бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, роҳбарият ва кормандони Кумита, инчунин кӯдакону наврасон аз Оромгоҳи Лучоб ба хотираи абармардони миллат арҷ гузоштанд.
Иштирокчиён бо ҳаёт, фаъолият ва корномаи арбобони барҷастаи давлатӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон шинос гардида, дар бораи саҳми онҳо дар ташаккули давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва рушди ҷомеа маълумоти муфассал гирифтанд.
Ҳамчунин, ба кӯдакону наврасон шарҳ дода шуд, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки қаҳрамонони миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи фарҳангӣ Нисор Муҳаммад ба Ватан баргардонида шуда, дар Оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд.
Раиси Кумита зимни суҳбат бо кӯдакону наврасон таъкид намуд, ки омӯзиши зиндагӣ ва корномаи чунин абармардони миллат барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи пуршарафи халқи тоҷик аҳаммияти бузург дорад.
Боздиди мазкур дар замири кӯдакону наврасон ҳисси ифтихор аз миллат, муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба хизматҳои фарзандони фарзонаи Тоҷикистонро таҳким бахшида, онҳоро ба пайравӣ аз роҳи пуршарафи қаҳрамонони миллат ҳидоят намуд.