Шоми 19 уми майи дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар фазои идона ва руҳияи баланди варзишӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҳайати васеи устодону кормандон, мураббиёну…
Шоми 19 уми майи дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар фазои идона ва руҳияи баланди варзишӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳайати васеи устодону кормандон, мураббиёну варзишгарон ва донишҷӯёни Донишкада иштирок намуда, бо дастовардҳои назарраси муассиса, аз ҷумла натиҷаҳои арзандаи устодону мураббиёни риштаи футбол шинос шуданд. Ҳамзамон, намоиши бозии футбол, ки барои иштирокчиён пешниҳод гардид, ба ҳамоиш ҳусну шаҳомати хос зам намуд.
Дар ҳамоишм мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода иштирок ва суханронӣ намуда, қайд карданд,ки эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2024 натиҷаи сиёсати созанда ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар доираи ин иқдом пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфт.
Зикр карда шуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи футбол, оммавигардонии он ва ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба ин намуди маъмули варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, тадбирҳои муҳиму муассир амалӣ карда мешаванд.
Роҳбарияти Донишкада низ иброз намуданд, ки таҷлили чунин санаҳои муҳимми варзишӣ барои ҳайати устодону мураббиён, варзишгарон ва донишҷӯён неруи тоза бахшида, онҳоро барои ноил гардидан ба дастовардҳои наву арзанда ҳавасманд менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор устодон, мураббиён ва донишҷӯёне, ки дар рушд ва тарғиби футбол саҳми назаррас доранд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар майдони футболи Донишкада маросими расмии ифтитоҳи мусобиқаи футболи хурди «Ҷоми Истиқлол» барои дарёфти Ҷоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба фазои идонаи ҳамоиш шукӯҳу шаҳомати бештар зам намуд.