Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдати як қатор собиқадорони соҳаи варзиш, бахусус футбол, баргузор гардид. Зимни ин иқдоми хайрхоҳона намояндагони…
Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдати як қатор собиқадорони соҳаи варзиш, бахусус футбол, баргузор гардид.
Зимни ин иқдоми хайрхоҳона намояндагони Кумита ба манзили истиқоматии собиқадорони соҳаи футбол ташриф оварда, аз ҳолу аҳвол ва вазъи зиндагии онҳо хабар гирифтанд. Қайд гардид, ки саҳми собиқадорони соҳа дар рушду пешрафти футболи кишвар назаррас буда, хизматҳои онҳо ҳамеша қадрдонӣ мегардад.
Ҳамзамон, ба собиқадорони соҳаи футбол кӯмакҳои молиявӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ба онҳо сиҳатмандиву рӯзгори обод таманно карда шуд.
Собиқадорон аз чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ изҳори хушнудӣ намуда, барои дастгирӣ ва эҳтиром нисбат ба аҳли варзиш ба роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин иқдомҳои иҷтимоӣ ва инсонпарварона дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш ҷиҳати қадршиносии хизматҳои арзандаи собиқадорони соҳа ба ҳукми анъана даромадааст.