Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба санъати муҳорибаи омехта (ММА) байни наврасон бо иштироки беҳтарин варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳ ва ҷамъбасти мусобиқа намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва…
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба санъати муҳорибаи омехта (ММА) байни наврасон бо иштироки беҳтарин варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ ва ҷамъбасти мусобиқа намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, зимни суханронӣ таъкид кард, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи варзиш ва омода намудани варзишгарони ҷавону рақобатпазир таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Қайд гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳо барои дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва омода намудани наврасон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар рафти рақобатҳои ҷолибу диданӣ варзишгарон маҳорати баланд, иродаи қавӣ ва омодагии хуби ҷисмонии худро нишон дода, миёни ҳаводорони варзиш таассуроти хуб ба вуҷуд оварданд.
Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа ғолибону ҷоизадорон бо медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, аз ҳисоби варзишгарони беҳтарин дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ интихоб гардида, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сафарбар карда мешаванд.
Мусобиқа дар фазои дӯстиву рақобати солим баргузор гардида, барои рушди минбаъдаи санъати муҳорибаи омехта миёни наврасон заминаи мусоид фароҳам овард.