11 май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони…
11 май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқотро ба фазои мусоиди иқтисодӣ, имкониятҳои фарох барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, тамоюли бомароми тавсеаву таҳкими ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ ва робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар ҷалб намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Чинро шарики боэътимод ва калидии худ дар ин раванд номиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки кишварҳои мо дар соҳаи гардиши тиҷоратӣ нишондиҳандаҳои қобили таваҷҷуҳ доранд.
Таъкид шуд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон наздик ба 6 миллиард доллар расидааст, ки аз он қариб 3,5 миллиардашро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои аз ҷониби Тоҷикистон дар самти ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ ҷиҳати ҷалби сармоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои сармоягузорон амалишаванда андешаронӣ намуданд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки соли гузашта дар кишвари мо қонун “Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ” дар таҳрири нав қабул шуд.
Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санад василаҳои муосири дастгирии сармоягузоронро пешбинӣ намуда, кафолатҳои иловагии ҳуқуқии ҳифзи сармоя, соддагардонии расмиёти маъмурӣ ва густариши ҳамкории давлат ва бахши хусусиро тақвият мебахшад.
Оид ба дигар имкониятҳои ҷалби сармоя андешаронӣ намуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва татбиқи тарҳҳои коммуникатсионӣ дар кишвари мо барои ташаккули долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва робитаҳои байниминтақавӣ созгор номиданд.