Ватан барои ҳар инсон азизу муқаддас мебошад. Ин сарзамин ҷойест, ки инсон дар он ба дунё омада, бузург мешавад ва орзуву ҳадафҳои худро амалӣ мегардонад. Аз ҳамин сабаб, дӯст доштани Ватан қарзи ҳар шаҳрванд аст. Модар инсонро ба дунё меорад,…
Ватан барои ҳар инсон азизу муқаддас мебошад. Ин сарзамин ҷойест, ки инсон дар он ба дунё омада, бузург мешавад ва орзуву ҳадафҳои худро амалӣ мегардонад. Аз ҳамин сабаб, дӯст доштани Ватан қарзи ҳар шаҳрванд аст.
Модар инсонро ба дунё меорад, тарбия мекунад ва бо меҳру муҳаббат ба камол мерасонад. Ватан низ мисли модар инсонро дар оғӯш гирифта, ба ӯ зиндагӣ, забон, фарҳанг ва ҳастӣ мебахшад. Агар касе ба Ватан хиёнат кунад, ин маънои онро дорад, ки ба қадри меҳру ғамхории модар нарасидааст.
Таърих нишон медиҳад, ки фарзандони содиқи миллат барои ҳифзи Ватан ҷони худро дареғ надоштаанд. Онҳо медонистанд, ки ободиву оромии кишвар аз ваҳдат, садоқат ва меҳанпарастӣ вобаста аст. Хиёнат бошад, миллатро суст ва ҷомеаро парешон месозад.
Ҳар ҷавон бояд Ватанро дӯст дорад, ба халқу миллати худ содиқ бошад ва барои пешрафти кишвар саҳм гузорад. Зеро ояндаи Ватан дар дасти ҷавонон аст.
Хиёнат ба Ватан амали ношоиста ва нобахшиданист. Ватан мисли модар азиз аст ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар инсон мебошад. Касе, ки ба Ватан содиқ аст, ба модар, миллат ва таърихи худ эҳтиром мегузорад.
Раҷабова Дилбар гирандаи стипендияи Президентӣ дар ноҳияи Мастчоҳ