Дар қисми ҳарбии 0409-и Қӯшунҳои КДАМ- и шаҳраки Қалъаи Хумб Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ Амирҷонзода Солеҳҷон бо сарбозону афсарон мулоқот намуд. Зимни мулоқот сардори раёсат қайд кард, ки тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти…
Дар қисми ҳарбии 0409-и Қӯшунҳои КДАМ- и шаҳраки Қалъаи Хумб Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ Амирҷонзода Солеҳҷон бо сарбозону афсарон мулоқот намуд. Зимни мулоқот сардори раёсат қайд кард, ки тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии аз масъалаҳои умда дар шароити кунунӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки дастгириву ба ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ мамлакати ҷавонон аст.
Дар замони муосири ҷаҳонишавӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ яке аз рукнҳои муҳими фаъолияти ҷомеаи мутамаддин ва таълиму тарбияи насли наврас маҳсуб меёбад. Тавассути худшиносӣ, насли наврас ва ҷавонон қобилият ва истеъдоди худро барои расидан ба ҳадафҳои ояндаи худ ва ҷамъият равона менамоянд. Ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарварӣ — принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ буда, мазмуни аслиашон меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои Ватан-модар аз манфиатҳои шахсии худ мебошад.
Ватандӯстӣ ҳиссиёти мусбӣ, муносибати шахсият нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ва муҳофизат намудани Ватан он ифода меёбад.
Дар фарҷом қисме аз сарбозони фаъол бо тӯҳфаҳо аз ҷониби сардори раёсат қадрдонӣ гардиданд.