30 апрели соли 2026 дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фестивали футбол бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бо иштироки васеи ҷавонон ва дӯстдорони варзиш дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва…
30 апрели соли 2026 дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фестивали футбол бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бо иштироки васеи ҷавонон ва дӯстдорони варзиш дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон роҳандозӣ гардида, ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва таҳкими рӯҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни онҳо равона гардид.
Дар фестивал Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, муовини аввали Федератсияи футболи вилояти Хатлон Шарипов Исроил намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ мусобиқаҳои дӯстона, барномаҳои намоишии варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардида, иштирокчиён сатҳи баланди маҳорати варзишии худро ба намоиш гузоштанд.
Дар баробари ин, масъулин зимни суханрониҳои худ вобаста ба аҳамияти рушди футбол ва нақши он дар тарбияи ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон ибрози назар намуданд.
Дар фарҷоми фестивал ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Фестивали мазкур ҳамчун иқдоми муҳим дар самти рушди футбол ва густариши он дар минтақа арзёбӣ гардида, ба таҳкими заминаҳои варзиш миёни ҷавонон мусоидат менамояд.