Имрӯз 22 апрели соли равон дар Маҷмааи сайёҳӣ ва лижаронии «Сафед-Дара» чорабинии тантанавии фарҳангӣ таҳти унвони «Наврӯз — Баҳори варзишгарон», бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, варзишгарон, ҷавонон ва меҳмонон баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик намуд.
Зикр карда шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат ва оғози фасли баҳор на танҳо рамзи навсозиву созандагӣ, балки омили муҳими таҳкими тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш миёни ҷавонон ба шумор меравад. Таъкид гардид, ки бо дастгирии пайвастаи роҳбарияти олии кишвар соҳаи варзиш дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз рушд намуда, барои ҷалби бештари ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Ҳамзамон қайд шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар мусоидат менамояд. Маҷмааи «Сафед-Дара» ҳамчун яке аз мавзеъҳои муосири сайёҳию варзишӣ метавонад дар рушди варзиши зимистона ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ саҳми назаррас гузорад.
Дар фарҷом, Гулаҳмадзода Зулфиқор ба ҳамаи варзишгарон ва ҷавонони кишвар барору комёбӣ орзу намуда, онҳоро ба иштироки фаъолона дар рушди варзиш ва ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват кард. дар рафти чорабинӣ Абдуллои Раҳнамо Сармуҳаррири ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат", коршиноси масоили сиёсӣ суханронӣ намуда варзишгарон ва ҷавонони фаъоли ҷумҳуриро ба ҷашни Наврӯзи байналиллалӣ таҳният намуданд.