Дар доираи таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки васеи меҳмонон ва сокинон баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ муовини Раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику таҳният гуфт. Таъкид дошт, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, рамзи дӯстиву ваҳдат ва оғози корҳои созандагӣ дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва таҳкими арзишҳои фарҳангӣ нақши муҳим дорад.
Қайд гардид, ки бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии кишвар, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар саросари мамлакат таҷлил гардида, мардумро ба меҳнатдӯстӣ, ободкорӣ ва ҳифзи анъанаҳои неки ниёгон раҳнамун месозад.
Ҳамзамон, дар идомаи чорабинӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода баромад намуда, аҳли нишастро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик гуфта, аз саҳми ҷавонон дар рушду ободии Ватан ва нақши онҳо дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ёдовар шуданд.
Инчунин, раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр дар чорабинӣ суханронӣ карда меҳмононро ба ноҳияи овозадори Балҷувон хушомадед намуданд.
Чорабинӣ бо барномаи рангини фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва суруду рақсу таронаҳои ҷаззоб идома ёфта, ба ҳозирин руҳияи болида бахшид.