Имрӯз, 21 – уми апрели соли 2026 дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар толори қасри фарҳанги ноҳия таҳти роҳбарии Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумита ва бо иштироки муовини якум ва муовинони Раис, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои…
Имрӯз, 21 – уми апрели соли 2026 дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар толори қасри фарҳанги ноҳия таҳти роҳбарии Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумита ва бо иштироки муовини якум ва муовинони Раис, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, роҳбарони сохтор ва зерсохтори Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва кормандони Дастгоҳи марказии Кумита ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифагузориҳо то ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовара бо суханони ифтитоҳии Раиси Кумита оғоз гардида, вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти сохтор ва зерсохторҳои Кумита дар семоҳаи якуми нимсолаи аввали соли 2026 аз ҷониби муовини якуми Раиси Кумита ҳисоботи муфассал ироа гардид.
Ҳамзамон сардорони Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиши вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ВМКБ аз натиҷаи фаъолияти соҳа давоми семоҳаи сипаригардида дар ҳудуди минтақаи худ ҳисобот пешниҳод намуда, барои ислоҳи мушкилиҳои ҷойдошта аз ҷониби роҳбарият дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Сипас, муовинони соҳавӣ фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон ва варзишро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутобиқи ҷадвали махсус мавриди таҳлил қарор дода, натиҷаи таҳлилро тавассути ҳисоботи таҳлилӣ ироа намуданд.
Аз натиҷаи ҳисоботи ироа шуда фаъолити сохтор ва зерсохтори Кумита давоми семоҳаи якуми нимсолаи аввали соли 2026 натиҷагирӣ карда шуда, Раиси Кумита, ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои низомномавии Кумита, инчунин бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва бозҳам беҳтар намудани фаъолият то ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2026 ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
Зимнан ҳамаи масъулини сохтор ва зерсохтори Кумита вобаста ба истиқбол ва таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар тамоми қаламрави кишвар вазифадор карда шуда, ҳамзамон талаб карда шуд, ки дар раванди ҳассоси ҷаҳонгароӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати ба роҳи рости ватандориву ватандӯстӣ ҳидоят намудани ҷавонон ва баланд бардоштани нуфӯзи варзиши тоҷик аз тамоми фишангҳои солиму созанда истифода намоянд.