Имрӯз дар доираи аксияи ҷумҳуриявии "Истиқболи сарбози Ватан шараф аст" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷавонмарде, ки қарзи шаҳрвандӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида, бо сарбаландӣ ба назди волидайни худ…
Имрӯз дар доираи аксияи ҷумҳуриявии "Истиқболи сарбози Ватан шараф аст" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷавонмарде, ки қарзи шаҳрвандӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида, бо сарбаландӣ ба назди волидайни худ баргашта, бо шодмонӣ истиқбол гирифта шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки сарбози шуҷои Ватан бо хоҳиши худаш баҳорӣ соли 2024 ба хизмати Ватан-Модар раҳсипор гардида, қарзи шаҳрвандии худро дар назди миллати хеш ба анҷом расонид.
Дар фазои тантанавӣ истиқболи сарбози далери Ватан дар манзили истиқоматиаш ба шодиву комронии волидайн барои садоқатмандона ҷамъбаст намудани хизмати Ватан-Модар ва тарбияи чунин ҷавонмардони ватандӯст ба волидайни ӯ изҳори сипосу миннатдорӣ ва ба сарбоз сипоснома ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.