Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18 марти соли ҷорӣ чорабинии фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони “Пешвои миллат-Пешвои Наврӯзӣ”…
Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18 марти соли ҷорӣ чорабинии фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони “Пешвои миллат-Пешвои Наврӯзӣ” баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур ҷавонону варзишгарон, намояндагони вазорату идораҳо, донишҷӯёни хориҷии дар тоҷикистон даҳсилдошта, шунавандагони маҳфили омӯзишии “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” иштирок намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, некиву накӯкорӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба шумор меравад. Ин ҷашни бузург дар қалби ҳар як инсон эҳсоси гарми умед, муҳаббат ба Ватан ва масъулиятшиносиро нисбат ба сарнавишти миллат бедор месозад.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯзи бостонӣ эҳёи тоза ёфта, имрӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар саросари кишвар ва арсаи байналмилалӣ таҷлил мегардад. Мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Наврӯз ифтихори бузурги ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Маҳз ҷавонон ва пайравони Пешвои миллатанд, ки метавонанд бо донишу маърифат, ахлоқи ҳамида ва иродаи қавӣ ояндаи дурахшони кишварро таъмин намоянд. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда пайваста барои пешрафти илму фарҳанг, варзиш ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кӯшиш намоем.
Дар чорабинии мазкур гуштини миллӣ, бандкашӣ, ламкабозӣ, хурусҷанг, гӯшаи деҳқон, гушаҳои ҳафт сину ҳафт шин ва гуҳаи ҳунарҳои мардумӣ ва гӯшаи таъомҳои миллӣ ташкил ва пешкаши масъулин карда шуд.
Дар охир як барномаи фарҳагиву фароғатӣ пешкаши иштирокчиён карда шуд.