Имрӯз дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат!» баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур муовини Раиси Кумитаи кор бо…
Имрӯз дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат!» баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ҳамчун қишри муҳими ҷомеа ҳамеша дар мадди аввал қарор дорад. Аз ҷумла, таъсис ва густариши стипендияи Президентӣ барои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин афзоиш додани шумораи гирандагони он аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд ба шумор меравад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ҳамоиш як қатор гирандагони стипендияи Президентӣ низ суханронӣ намуда, барои дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос карданд. Онҳо зикр намуданд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо кӯшиш менамоянд сатҳи донишу маҳорати худро боз ҳам такмил дода, дар оянда барои рушди ҷомеа ва пешрафти Ватани азиз саҳми арзанда гузоранд.ар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби масъулин ба гирандагони стипендияи Президентӣ маблағҳои стипендия ба таври тантанавӣ тақдим карда шуд.