13 марти соли 2026 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва рӯҳияи масъулияти шаҳрвандӣ, мулоқоти намояндагони Кумита бо афсарон ва…
13 марти соли 2026 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва рӯҳияи масъулияти шаҳрвандӣ, мулоқоти намояндагони Кумита бо афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии 0444 -и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.
Зимни мулоқот намояндагони Кумита оид ба нақши ҷавонон дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, саҳми онҳо дар таъмини амнияти миллӣ, аҳаммияти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз ҷавонони кишвар бояд бо масъулияти баланд, садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар рушду суботи давлат саҳмгузор бошанд.
Ҳамчунин байни иштирокчиён суҳбати озоду судманд сурат гирифта, ба саволу пешниҳодҳои сарбозон ва афсарон посухҳои муфассал пешниҳод гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор афсарону сарбозони фаъол барои нишондодҳои хуб, интизоми намунавӣ ва иштироки фаъолонаашон дар корҳои ҷамъиятӣ бо Сипосномаи Кумита қадрдонӣ карда шуданд.