Имрӯз, 11 марти соли 2026 дар толори хурди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик мулоқоти Раиси Кумита Зулфиқор Гулаҳмадзода бо аҳли эҷоди Муассисаи давлатии рӯзномаи "Ҷавонони…
Имрӯз, 11 марти соли 2026 дар толори хурди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик мулоқоти Раиси Кумита Зулфиқор Гулаҳмадзода бо аҳли эҷоди Муассисаи давлатии рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" чорабинӣ баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумита намояндагони рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон"-ро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, саҳми назарраси рӯзноманигоронро дар инъикоси сиёсати давлатӣ, махсусан дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш муҳим арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва иттилоотии шаҳрвандон, инчунин дар муаррифии дастовардҳои кишвар нақши муассир доранд.
Дар фарҷоми мулоқот як қатор кормандону соҳибқаламони фаъоли Муассисаи давлатии рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди матбуоти миллӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Кумита бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.