Таҳти ин унвон санаи 4 марти соли 2026 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бузургдошти зан – Модар бо ҷалби зиёда аз 700 нафар фаъолзанони касбу кори гуногуни кишвар дар толори…
Таҳти ин унвон санаи 4 марти соли 2026 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бузургдошти зан – Модар бо ҷалби зиёда аз 700 нафар фаъолзанони касбу кори гуногуни кишвар дар толори «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид.
Барномаи идона бо намоиши филм дар бораи Модар ва иқтибос аз суханрониҳои Пешвои миллат дар васфи зан - Модар оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинии тантанавии “Ҳикмати Модар” Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи бонувонро бо ин рӯзи фархунда шодбош гуфта, қайд намуданд, ки мо ҷавонон, тавре Сарвари давлат ҳидоят менамоянд танҳо дар Рӯзи Модар не, балки ҳамеша бояд ба хизматҳои бузурги зан-Модар арҷ гузорем. Гуфта шуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии занону духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, такмили механизмҳои таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои давлатӣ аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат буда, дар ин самт корҳои неку шоиста ба анҷом расонида мешаванд.
Дар идомаи чорабинӣ
Файзиддинзода Бунафша – Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани табрикоти барома намуда, дарҷ намуданд, ки боиси сарфарозии мост, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, давлат ва Ҳукумати кишвар аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рисолати инсонофариву ҳаетбахши занону модаронро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад. Занону духтарони Тоҷикистони соҳибистиқлол саодатманду хушиқболанд, ки давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд .
Таъкид намуданд, ки таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону духтарон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавияшон ҳоло дар рушди иқтисоди мамлакат низ таъсири назаррас мерасонанд.