Санаи 3 марти соли 2026 бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоиста ва заҳматҳои бисёрсолаи модарони рӯзгордида, бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад якҷо…
Санаи 3 марти соли 2026 бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоиста ва заҳматҳои бисёрсолаи модарони рӯзгордида, бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад якҷо бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Сатториён ба аёдати — Гулчеҳра Содиқова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, рафтанд ва аз вазъи саломатӣ ва рӯзгори ӯ пурсон шуданд.
Зимни мулоқоти самимӣ таъкид гардид, ки эҳтиром ва қадршиносии модар, бахусус модарони рӯзгордида, қарзи виҷдонӣ ва масъулияти маънавии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад. Қайд карда шуд, ки саҳми модарон дар тарбияи насли солим, таҳкими пояҳои ахлоқиву фарҳангӣ ва рушди ҷомеа беназир буда, меҳру муҳаббат ва дуои неки онҳо сарчашмаи баракату саодати зиндагӣ мебошад.
Масъулин иброз доштанд, ки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба дастгирӣ ва қадршиносии калонсолон, аз ҷумла модарони хизматнишондода, равона гардида, эҳтироми онҳо ҳамчун арзиши олии миллӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба модари гиромӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ба ӯ сиҳатмандии бардавом, рӯзгори осуда ва хотири ҷамъ таманно карда шуд.