Имрӯз, дар нахустин рӯзҳои фасли баҳор ва дар арафаи Рӯзи Модар, бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар, дар доираи аксияи ҷумҳуриявии «Ҳикмати Модар», ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии…
Имрӯз, дар нахустин рӯзҳои фасли баҳор ва дар арафаи Рӯзи Модар, бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар, дар доираи аксияи ҷумҳуриявии «Ҳикмати Модар», ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, як қатор чорабиниҳои маънавию фарҳангӣ баргузор шуданд.
Дар доираи ин иқдом гулдухтарони Кумита ба аёдати собиқадорон ва бонувони фаъолу хизматнишондодаи соҳаҳои гуногун рафта, ба онҳо ҳамчун рамзи эҳтиром ва армуғони баҳорӣ либоси миллии тоҷикӣ — чаканро бо тамоми унсурҳояш тақдим намуданд. Ин ташаббус нишони арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва гиромидошти нақши занону модарон дар ҷомеа мебошад.
Мақсад аз тақдими либоси миллӣ ба бонувон эҳёи суннатҳои неки миллӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ миёни ҷомеа мебошад. Либоси миллӣ муаррифгари таърих, тамаддун ва ҳувияти ҳар як халқу миллат ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки соли 2018 чакани тоҷикӣ ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ мақому манзалати занону модаронро пайваста таъкид намуда, иброз доштаанд:
«Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад. Зан – модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, тавъам омадани Рӯзи модар бо оғози фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз рамзи неку саодатмандист».
Аксияи «Ҳикмати Модар» ҳамчун ташаббуси муҳимми маънавӣ дар самти таҳкими эҳтиром ба занону модарон ва тарғиби арзишҳои миллӣ идома хоҳад ёфт.