Имрӯз, 26 феврали соли ҷорӣ, тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар толори Кумита дарси навбатии курси омӯзишии «Ҷавонон –…
Имрӯз, 26 феврали соли ҷорӣ, тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар толори Кумита дарси навбатии курси омӯзишии «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид.
Дар кори курс Шокирзода Муҳаммадтолиб – муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллоҳи Раҳнамо – сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», коршиноси масоили сиёсӣ иштирок намуда, бо шунавандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими давлатдорӣ, болоравии худшиносии миллӣ ва саҳми арзандаи Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат дар рушду пешрафти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокдорон инчунин доир ба нақши ҷавонон дар таҳкими суботу ваҳдат ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори кишвар табодули назар намуданд.
Курси омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ роҳандозӣ гардида, минбаъд низ идома хоҳад ёфт.