Санаи, 18 – уми феврали соли 2026 дар толори меҳмонхонаи «CROWNЕ PLAZA»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 баргузор гардид, ки дар…
Санаи, 18 – уми феврали соли 2026 дар толори меҳмонхонаи «CROWNЕ PLAZA»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 баргузор гардид, ки дар он беш аз 2 миллион сомонӣ ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ супорида шуд.
Нахуст, иштирокчиёни чорабинӣ аз гӯшаи намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи варзиши кишвар дидан намуда, акси дастаҷамъона гирифтанд.
Сипас, пеш аз оғози маросими расмии ҷоизасупорӣ филми кӯтоҳметражи мустанад оид ба дастоварду комгории соҳаи варзиши кишвар дар соли 2025 дар ҳаҷми 14 дақиқа манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар маросими мазкур Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зулфиқор Гулаҳмадзода ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, варзишгарон, роҳбарону мураббиёни сохторҳои варзишии мамлакат, собиқадорону фаъолони соҳаи варзиш ва ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ дар соли 2025 иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмантарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо иборат аз таҳкими саломатии инсон нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ироа шуд, ки боиси ифтихору шарафмандии мо масъулини соҳа ва варзишгарон аст, ки бо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту толорҳои барҳавову ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй бундёду азнавсозӣ гардида, ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоидро фароҳам оварда истодааст.
Сипас, дар заминаи сиёсати варзишпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат 67 нафар ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шуданд.