Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар толори Кумита дарси навбатии курси омӯзишии «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат» бо иштироки…
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар толори Кумита дарси навбатии курси омӯзишии «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат» бо иштироки доираи васеи шунавандагон баргузор гардид.
Дар кори курс Раиси Кумита Зулфиқор Гулаҳмадзода ва Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ иштирок намуда, бо ҷавонон суҳбати озоду самимӣ доир карданд. Нахуст, зимни баромади худ роҳбарияти Кумита оид ба сиёсати давлатии ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои созандаи насли ҷавон, таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон андешаҳои судманд баён намуданд.
Қайд гардид, ки курси омӯзишии мазкур ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва пайравӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар равона гардидааст. Ҳамзамон, зикр шуд, ки иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар яке аз омилҳои муҳими рушди устувори ҷомеа ба шумор меравад.
Дар идомаи суҳбат Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ доир ба нақши адабиёт ва фарҳанг дар тарбияи маънавии ҷавонон, эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолият суханронӣ намуда, аз осори эҷодии худ пораҳо қироат кард, ки ба рӯҳияи иштирокчиён таъсири амиқ гузошт.
Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот вобаста ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, рушди босуботи соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт, илму маориф ва фарҳанг, инчунин нақши бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон — Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.
Дар фарҷом ба шунавандагони курс тавсия дода шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида дониш ва малакаи худро такмил дода, ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми арзанда гузоранд.