17 феврали соли 2026 дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти фаъолияти яксолаи маҳфили «Ватанпарвар» дар соли 2025 бо иштироки роҳбарият, масъулин ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид. Дар…
17 феврали соли 2026 дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти фаъолияти яксолаи маҳфили «Ватанпарвар» дар соли 2025 бо иштироки роҳбарият, масъулин ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси Кумита- Гулаҳмадзода Зулфикор Аҳмад иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба аҳаммияти таҳкими тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва боло бурдани масъулияти шаҳрвандии ҷавонон ибрози андеша карданд.
Зикр гардид, ки маҳфили «Ватанпарвар» дар давоми соли 2025 бо ташкили силсилаи чорабиниҳои тарбиявию маърифатӣ ва ҳарбиву ватандӯстӣ дар самти тарбияи насли ҷавон, таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва омодасозии ҷавонон ба хизмати содиқона ба Ватан саҳми назаррас гузоштааст.
Ҳамзамон, ба як қатор аъзоёни фаъоли маҳфил барои фаъолияти пурсамар, ташаббусҳои созанда ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ Сипоснома ва сертификат тақдим гардиданд.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид карда шуд, ки фаъолияти минбаъдаи маҳфили «Ватанпарвар» ҷиҳати тарбияи ҷавонони худогоҳу ватандӯст, содиқ ба арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлатӣ боз ҳам тақвият дода хоҳад шуд.