Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи Модар» имрӯз вобаста ба иҷрои қарори Раиси шањри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар толори Муассисаи давлатии «Маҷмааи варзишии обӣ ва теннис»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе…
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи Модар» имрӯз вобаста ба иҷрои қарори Раиси шањри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар толори Муассисаи давлатии «Маҷмааи варзишии обӣ ва теннис»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ вағайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба «Рӯзи Модар» доир гардид.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоирзода Муҳриддин, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, муовини вазири саноат ва техналогияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтиёр, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулманонзода Зарина, ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок ва суханрони намуданд.
Инчунин дар чорабинии мазкур 40 дастаи бонувони вазорату кумита, раёсат ва ташкилоту муассисаҳо ширкат варзишданд.
Мусобиқаи мазкур аз 14 феврал то 8 марти соли 2026 ҳамарӯза дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишӣ»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.