10 ум феврали соли 2026, дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон бо…
10 ум феврали соли 2026, дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон бо иштироки беҳтарин паҳлавонони кишвар дар фазои рақобати солим, руҳияи баланди варзишӣ ва бо шукуҳу шаҳомати хос ифтитоҳ гардид.
Дар маросими кушодашавии чорабинӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуда, аҳамияти рушди гӯштингирӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани нуфузи варзиши миллӣ дар ҷомеаро таъкид карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҳо аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, ШНТҶ-1 ва дигарон иштироки фаъолона намуданд.
Зикр гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти чеҳраҳои нав, такмили маҳорати варзишгарон, инчунин таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷавонон мусоидат менамояд.