Ҷудокори ҷавони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев барои дастовардҳои назаррас ва рушди босуръати фаъолияти варзишии худ бо ҷоизаи бонуфузи “Ситораи дар ҳоли тулуъ”-и соли 2025 аз ҷониби Федератсияи ҷаҳонии ҷудо қадрдонӣ гардид.
Ин мукофот ба варзишгарони ҷавоне тақдим мегардад, ки бо натиҷаҳои баланд, истеъдоди намоён ва иштироки фаъол дар мусобиқаҳои байналмилалӣ саҳми арзанда дар рушди ҷудои ҷаҳонӣ мегузоранд. Муҳиддин Асадуллоев бо нишон додани маҳорати баланд, иродаи қавӣ ва рӯҳияи варзишгарӣ тавонист мавқеи устувори худро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.
Қобили зикр аст, ки дастоварди мазкур нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзун ба рушди варзиши ҷудо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои ҷавонони варзишдӯст намунаи ибрат маҳсуб меёбад.