Имрӯз, 1 феврали соли 2026, тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон дар шаҳри Душанбе расман оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Гулаҳмадзода Зулфикор Аҳмад, раиси ноҳияи Файзобод Каримзода Мансур Тағой ва раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсу Тоҷикистон Каримзода Манучеҳр иштирок намуда, зимни суханронӣ таъкид карданд, ки рушди намудҳои гуногуни варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дастгирии варзишгарон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳа ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки бо таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти рушди варзиш пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ гардида истодаанд.
Мусобиқа бо мақсади рушди варзиши ҷиу-ҷитсу, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, таҳкими рақобати солим ва дарёфти истеъдодҳои нав баргузор шуда, дар он варзишгарони беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок доранд.
Чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила ҷараён гирифта, барои рушди минбаъдаи ин намуди варзиш дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.