Муҳтарам варзишгарон ва парчамбардорон,
Қаҳрамонсозон ва муаррифгарони давлату миллат,
Устодон, собиқадорон ва мураббиёни соҳаи варзиш!
Боиси ифтихор ва сарфарозии мо масъулони соҳа ва варзишгарони кишвар аст, ки дар остонаи ҷашни воқеан ҳам муқаддасу арзишманди миллӣ Истиқлоли давлатӣ, ҳамасола санаи 10 августро дар саросари кишвар ҳамчун “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон” таҷлил менамоем.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, Шумо ва тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони биҳиштосоро бо фарорасии Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ва ҷашни пуршукӯҳи миллӣ Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям.
Пеш аз ҳама мехоҳам ёдовар шавам, ки таҷлили “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон” ба Бозиҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, Бозиҳои осиёии наврасон ва Бозиҳои исломӣ рост омадааст. Боиси фарҳмандиву нишот аст, ки дар ин бонуфузтарин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ҳайати варзишгарони кишвар аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ширкат варзида, нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбубро баланд мебардоранд.
Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои муҳими ҷомеа барои тарбияи насли наврас, таҳкими саломатӣ ва ташаккули инсони комил ба шумор меравад. Мақсади он на танҳо ҳифз ва рушди қувваи ҷисмонӣ, ҳамзамон тарбияи меҳнатӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва зебопарастиро дар бар мегирад. Варзиш дар баробари ин, воситаи муҳими муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, муносибат ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тандурустӣ, танумандӣ ва нишондиҳандаи қудрату пешрафти давлат мазмуну моҳияти нав касб кард.
Бо шарофати таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар саросари мамлакат иншооту толорҳои муосир бунёд ва азнавсозӣ гардида, шароити мусоид барои рушди соҳа фароҳам омадааст.
Имрӯз дар кишвар 11106 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 127 варзишгоҳ, 7 834 майдончаи варзишӣ, 2 286 толори варзишӣ, 104 ҳавзи шиноварӣ, 89 маҷмаа ва марказҳои солимгардонӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ фаъолият доранд.
Дар ин иншоотҳои бунёдшуда ҷавонон, наврасон ва сокинон аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ба машқу тамрин аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш машғул мебошанд. Танҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар теъдоди иншооти варзишӣ дар муқоиса бо 70 соли қаблӣ беш аз 9 маротиба афзудааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 60 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 51 майдончаи варзишӣ ва 9 толори варзишӣ бо маблағи умумии 30 миллиону 965 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Аз ин маблағ 10 миллиону 700 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 20 миллиону 265 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва сарпарастон ҷудо гардидааст.
Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва омода намудани варзишгарони сатҳи байналмилалӣ, имрӯз дар кишвар 134 муассисаи таълимии варзишӣ, мактабҳои маҳорати олӣ ва тайёрии варзишӣ, 63 федератсияи олимпӣ ва ғайриолимпӣ, инчунин 48 клуби варзишӣ фаъолият мекунанд. Дар ин муассисаҳо ҷавонон дар 4 326 гурӯҳ аз рӯи 45 намуди варзиш машқу тамрин менамоянд.
Ҳамзамон, дар даврони истиқлоли давлатӣ як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд, ки ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” дар таҳрири нав, Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022–2026 ва Барномаи рушди футбол барои солҳои 2022–2026 аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ таъсис ёфт. Дар доираи он то имрӯз ба 364 нафар ғолибон ва ҷоизадорон аз фонди захиравии Президенти мамлакат маблағи умумии 8 миллиону 211 ҳазору 250 сомонӣ мукофотпулӣ дода шудааст.
Ҳамзамон, дар доираи санади алоҳидаи дахлдор ғолибону ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ минбаъд дар кишвар бо стипендияи якумраи моддии моҳона ҳавасманд гардонида мешаванд.
Натиҷаи чунин ғамхориҳо он аст, ки варзишгарони мо солҳои охир пайваста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, садҳо ҷоизаи ифтихориро ба Ватан меоранд. Танҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар 7 601 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барафрохта шуда ва зиёда аз 2 600 маротиба Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо додааст.
Бо итминон изҳор медорам, ки Шумо масъулини соҳа ва варзишгарони кишвар минбаъд низ дар партави ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат, барои муаррифӣ ва ҳифзи нангу номуси миллат дар арсаи ҷаҳонӣ саъю талош хоҳед кард.
Дар ин роҳи пуршараф ба ҳамаи Шумо саломатии бардавом, комёбиҳои беназир ва хонаободиро орзумандам.
РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОД!