Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ”-и Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми июни соли 2024, №369 бо мақсади татбиқи лоиҳаҳо ҷиҳати гузариш ба Ҳукумати электронӣ, рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ таъсис дода шудааст.
Аз рӯзи таъсисёбӣ Ҷамъият ҳамчун ташкилоти тобеи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар рушди инфрасохтори миллии рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рақамикунонии идоракунии давлатӣ саҳми назаррас гузошта истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол дар Ҷамъият 123 нафар мутахассиси баландихтисос фаъолият менамоянд, ки дорои дониш ва таҷриба дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, муҳандисии барномавӣ, амнияти иттилоотӣ, хизматрасониҳои рақамӣ, ҳамгироии низомҳо ва идоракунии лоиҳаҳои давлатии рақамӣ мебошанд.
Дар давоми ду соли фаъолият Ҷамъият ба яке аз операторони калидии рушди рақамии кишвар табдил ёфта, таҳия ва татбиқи низомҳои муосири иттилоотии давлатӣ, платформаҳои рақамӣ ва хизматрасониҳои давлатии электрониро, ки ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ барои шаҳрвандон ва соҳибкорон равона шудаанд, таъмин менамояд.
Айни замон Ҷамъият як қатор лоиҳаҳои давлатиро амалӣ менамояд, ки заминаи инфрасохтори рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Аз ҷумла:
Натиҷаҳои асосӣ:
Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронии байниидоравӣ
Низоми мазкур дар зиёда аз 2 980 мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо ҷорӣ гардида, беш аз 24 ҳазор истифодабарандаро дар бар мегирад.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби мутахассисони ҷамъияти шумораи зикргардидаи истифодабарандагон ба пуррагӣ омӯзонида шуда, айни ҳол коргузориро ба пуррагӣ тариқи электронӣ ба роҳ мондаанд.
Татбиқи гардиши электронии ҳуҷҷатҳо барои суръат бахшидан ба мубодилаи ҳуҷҷатҳо, баланд бардоштани интизоми иҷро, кам намудани истифодаи коғаз ва коҳиш додани хароҷоти иловагӣ барои гардишикоғазии ҳуҷҷатҳои байниидоравӣ мусоидат менамояд.
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ барои содда, шаффоф ва рақамигардонии хизматрасониҳои давлатӣ, ки тибқи қонунгузории кишвар 927 ададро ташкил медиҳад, таҳия гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки айни замон дар портали мазкур 102 намуди хизматрасониҳои давлатӣ рақамӣ гардонида шуда, барои дастрасӣ фаъол мебошанд.
Аз 1 январ то 25 июни соли 2026 тавассути портал шаҳрвандон 62 096 хизматрасонии давлатӣ гирифтаанд.
Тавассути Маркази хизматрасониҳои давлатӣ аз 1 апрел то 30 июни соли 2026, 2 617 хизматрасонӣ пешниҳод гардида, 15 002 нафар шаҳрванд аз расмиёти айнияткунонӣ (идентификатсия) гузаштаанд. Пас аз айнияткунонӣ истифодабарандагон метавонанд аз хизматрасониҳои давлатии электронӣ тавассути портали eKhizmat истифода баранд. Маркази ягонаи тамос оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатии электронӣ ҳамарӯза ба шаҳрвандон дастгирии техникӣ ва иттилоотӣ мерасонад. Ба ҳисоби миёна мутахассисони марказ ҳар моҳ тақрибан 1 100 муроҷиат-ро баррасӣ мекунанд.
Интернет портали ягонаи давлатии электронӣ
Интернет портали ягонаи давлатии электронӣ ҷиҳати ба роҳ мондани сомонаҳои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳои давлатӣ равона гардидааст.
Мақсад аз таҳияи портали мазкур ин содда ва дуруст дастрас намудани маълумот арзёбӣ мегардад.
Аййни замон, сомонаҳои зиёда аз 95 мақомоти давлатӣ дар портали мазкур таҳия гардида, фаъол мебошанд.
Рақамикунонии дидбонгоҳҳои гумрукӣ
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҷамъият рақамикунонии равандҳо дар 46 гузаргоҳи гумрукӣ мебошад.
Панҷ гузаргоҳи гумрукӣ — «Дӯстӣ», «Фотеҳобод», «Патар», «Панҷи Поён» ва «Қулма» ҳамчун майдонҳои озмоишӣ интихоб гардидаанд.
Лоиҳа ҷорӣ намудани камераҳои интеллектуалии назоратӣ, тарозуҳои рақамии автомобилӣ, сканерҳои рентгенӣ, технологияҳои зеҳни сунъӣ ва низоми худкори шинохти воситаҳои нақлиётро пешбинӣ менамояд.
Ба кишвар 15 тарозуи рақамии автомобилӣ, 5 сканери рентгении автомобилӣ ва 1 сканери рентгении роҳи оҳан ворид карда шудааст.
Ҳамчунин дар гузаргоҳҳои гумрукӣ 20 сканери рентгенӣ барои санҷиши бағоҷи мусофирон пурра насб ва ба истифода дода шудаанд.
Татбиқи лоиҳа ба баланд бардоштани шаффофияти назорати гумрукӣ, суръат бахшидани расмиёт, таҳкими амният ва коҳиш додани таъсири омили инсонӣ равона гардидааст.
Имзои электронӣ
Ҷамъият рушди инфрасохтори миллии имзои электронӣ ва айнияткунониротақият медиҳад..
Дар давраи ҳисоботӣ меъмории низом, механизмҳои бақайдгирии истифодабарандагон, равандҳои қабулу баррасии дархостҳо, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва тартиби додани сертификатҳои имзои электронӣ такмил дода шуданд.
Дар доираи ҳамкорӣ бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 440 токени электронӣ бо сертификатҳои амалкунандаи имзои электронӣ омода ва супорида шуданд. Ҳамчунин ҳамгироии имзои электронӣ бо низомҳои давлатии иттилоотӣ, хизматрасониҳои электронӣ ва ҳуҷҷатҳои формати PDF идома дорад.
Ҳалли рақамӣ барои шаҳрвандон ва соҳибкорӣ:
Аз ҷониби Ҷамъият платформаи Феҳристи ягонаи давлатии суроғаҳо таҳия гардидааст, ки барои ҳар як объекти амвол рамзи ягонаи 20-рақамаро пешбинӣ менамояд.
Татбиқи ин лоиҳа имкон медиҳад, ки пойгоҳи ягона ва боэътимоди суроғаҳо ташкил гардида, такроршавии маълумот бартараф ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ беҳтар гардад.
Маҳз ба шарофати касбияти кормандон ташаббусҳои стратегии давлатӣ ба ҳалли воқеии рақамӣ табдил меёбанд, ки ҳамарӯза аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шаҳрвандон ва соҳибкорон истифода мешаванд.
Имрӯз ҶСК «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» татбиқи лоиҳаҳои бузурги рушди иқтисоди рақамӣ, такмили ҳукумати электронӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва таъсиси хизматрасониҳои муосири рақамиро барои шаҳрвандон ва соҳибкорон идома медиҳад.
Директори генералии ҶСК «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» Ҷамшед Шарипов ҳайати кормандони Ҷамъиятро ба муносибати дуюмин солгарди таъсисёбӣ самимона табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, саодатмандӣ, дастовардҳои нави касбӣ ва татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои бузургро ба нафъи Ҷумҳурии Тоҷикистон таманно менамояд.
Якҷо - сӯи ояндаи рақамии Тоҷикистон!
17.07.2026 www.egov.tj