Бо руҳияи созандагӣ ба пешвози 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Бо руҳияи созандагӣ ба пешвози 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Муассисаи давлатии «Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология»-и Академияи илмҳои…
Бо руҳияи созандагӣ ба пешвози 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Муассисаи давлатии «Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология»-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо ташаббуси директори институт, доктори илмҳои ветеринарӣ Абдуллозода Азизулло Одил, корҳои ободонӣ, сабзкорӣ ва созандагӣ вусъати тоза гирифтаанд.
Бо мақсади зебову обод гардонидани ҳудуди институт, фароҳам овардани муҳити тозаву сабз ва истиқболи арзандаи ҷашни миллӣ, кормандон ва ходимони илмии институт ҳамарӯза дар вақти муайян ба корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, гулкорӣ ва тозагии гирду атроф фаъолона машғул мешаванд.
Ин иқдоми созанда далели эҳсоси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузории кормандони институт дар ободии Ватан буда, барои истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.