Дар Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология мизи мудаввар оид ба пешгирии бемориҳои бактериявии паранда баргузор гардид
31 июли соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология»-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ таҳти унвони «Роҳҳои пешгирии бемориҳои бактериявии паранда бо усулҳои муосир» баргузор гардид.
Ҳадафи чорабинӣ баррасии вазъи эпизоотии бемориҳои бактериявии паранда, муҳокимаи усулҳои муосири ташхис, пешгирӣ ва мубориза бо онҳо, инчунин таҳкими ҳамкории олимону мутахассисон дар самти таъмини амнияти биологӣ ва амнияти озуқавории кишвар буд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Институт, доктори илмҳои ветеринарӣ Абдуллозода Азизулло Одил оғоз гардид. Зимни суханронии худ ӯ таъкид намуд, ки рушди соҳаи парандапарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ аз татбиқи дастовардҳои илми муосир, риояи талаботи амнияти биологӣ ва ҳамкории зичи олимон бо истеҳсолкунандагон вобастагии мустақим дорад.
Дар идомаи ҳамоиш муовини директор оид ба илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ Тоиров Абдураҳим Сангович бо маърузаи асосӣ дар мавзуи «Вазъи кунунии бемориҳои бактериявии паранда ва аҳамияти онҳо дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баромад намуда, доир ба вазъи эпизоотӣ, омилҳои паҳншавии бемориҳои бактериявӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо маълумоти муфассали илмӣ пешниҳод кард.
Сипас, мудири озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои вирусии паранда, номзади илмҳои ветеринарӣ Тоҳирзода Абдуқосим дар мавзуи «Самаранокии пробиотики «Субтилбен» дар пешгирӣ ва табобати колибактериози бройлерҳо» натиҷаҳои таҳқиқоти илмиро муаррифӣ намуда, самаранокии истифодаи пробиотикҳоро ҳамчун воситаи коҳиш додани истифодаи антибиотикҳо ва баланд бардоштани маҳсулнокии парандаҳо шарҳ дод.
Дар бахши муҳокима иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами ташхис, пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои бактериявии паранда мубодилаи афкор намуда, таҷрибаи илмӣ ва амалии худро пешниҳод карданд.
Дар ҷамъбасти мизи мудаввар тавсияҳои зерин қабул гардиданд:
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки татбиқи тавсияҳои қабулшуда барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хоҷагиҳои парандапарварӣ, ҳифзи саломатии парандаҳо, таъмини амнияти биологӣ ва таҳкими амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.
Мудири шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмӣ ва робитащои байналмиллали ИМАББ
Идиева Ш