Рӯзи 12-уми майи соли 2026 дар ноњияи Фархор тибқи “Нақшаи баргузории конференсияю семинарњои илмию амалии минтаќавӣ, рўзҳои саҳроӣ, фермерӣ ва мизи мудаввар”, ки бо ташаббуси муассисањои илмии АИКТ дар соли 2026 аз ҷониби Раёсати АИКТ санаи 30 декабри соли 2025 №2 тасдиќ гардидааст, дар мавзуи «Мониторинги бемориҳои сарҳадгузари ҳайвоноти калони кавшакунанда дар Тоҷикистон» бо иштироки мутахассисони Маркази таъминоти бехатарии озуқавории ноњияи Фархор, олимони ИМАББ, мутахассисон ва роњбарони хоҷагиҳои инфироди “Рўзи фермерҳ” баргузор гардида, дар он 13 нафар иштирок намуданд.
Дар баргузории “Рўзи фермерӣ” ќайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бемориҳои сарҳадгузари ҳайвоноти калони кавшакунанда, аз љумла вабои сумдард, сухтанӣ дерматитӣ нодулярии говҳо, ва дигар намуди бемориҳо хеле паҳн шудаанд. Онњо ба соҳаи чорводорӣ, хусусан, ба афзоиши истењсоли гўшту шир зарари калони иқтисодӣ мерасонанд.
Дар Тоҷикистон бемориҳои чорво дар тамоми минтақаҳо ба қайд гирифта шудаанд.
Бинобар ҳамин, тарҳрезии тадбирҳои пешгирї ва табобати бемориҳои сироятӣ дар хоҷагиқои чорводорӣ, аз љумла истеҳсоли гушту шир, муҳим мебошад.
Дар “Рўзи фермерӣ” оид ба дастовардҳои соња, роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ дар хољагињои чорводорӣ тибқи барномаи пешбинишуда маърӯзаҳо карда шуданд. Аз ҷумла Тоиров А.С., муовини директори ИМАББ., Рањимов А.А. котиби илмии ИМАББ., Насруллоев И.Х. мудири шуъбаи истењсоли ваксина ва доруњои ватанї ИМАББ ва Азимов Б.А. ИМАББ доир ба роњњои пешгирї ва табобати бемориҳои сироятї сарҳадгузари ҳайвоноти калони кавшакунанда дар хољагињо баромад намуда, оид ба роҳҳои пешгирӣ ва паҳншавии беморињои сироятии чорво тавсияҳо пешнињод намуданд.
Қарор карда шуд, ки баъди 1 моҳ оид ба масъалаи мазкур боз вохурӣ гузаронида шавад.