Дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18.04.2025 тибқи банди 3 нақшаи тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 таҳти рақами 268 “Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ“ бо намояндагон Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Зулфониён Раҳим ва Каримов Диловар аз Иститути забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдаӣ Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодова Саврбону машғулияти омузиши баргузор гардид. Инчунин ҷиҳати иҷрои чорабиниҳо оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”дар вохури бо намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллахонзода Рачабали Чиллахон иштирок намуданд.